Ба гузориши хабаргузории Форс, бар асоси барномаи ин сафар дар шаҳри Пекин музокирот дар сатҳи олӣ ва ҳамчунин як қатор дидорҳои дуҷониба анҷом мешавад. Дастури кори маросимҳо шомили таҳкими беш аз пеши равобити шарокати роҳбурдии ҳамаҷонибаи Узбакистон ва Чин ва густариши ҳамкориҳои амалӣ дар миқёси комил аст. Чин бузургтарин ҳамкори иқтисодӣ ва бозаргонии Узбакистон мебошад. Русияву Чин дар сархати сармоягузорони хориҷии Узбекистон Ҳамакнун дар Узбакистон беш аз 2140 ширкат бо сармояи сармоягузорони чинӣ дар заминаҳои мухталифи иқтисоди ин кишвар фаъолият мекунанд. Ҷумҳурии халқии Чин ва Узбакистон аз торихи 2 январи 1992 равобити дипломатӣ барқарор кардаанд.
342/